Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000
31.03.2025
Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ – Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.
Баъди табодули Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
kaynak:https://www.president.tj/event/news/50308
Selçuk yoğurtçuoğlu Türkiye Yüzyılı İçin Ortak İrade
Birleşik Rusya, ücretsiz hukuki yardıma erişimi genişletti
«Единая Россия» расширила доступ к бесплатной юридической помощи
Sağlık ve öğrenci desteği konuları: Birleşik Rusya, bölge sakinleri için halka açık resepsiyonlar düzenledi
“Odlar Yurdu” Boks Klubunun idmançıları çempion olub
Вопросы здравоохранения и поддержки абитуриентов: «Единая Россия» провела общественные приёмы жителей регионов